Ссылки доступа

Дар Қазоқистон аз ду рӯзноманигор талаб доранд, пули таҳсили ҳамкорашонро пардозанд


Скандал в "Болашаке": кто должен платить за учебу казахстанской журналистки в Великобритании?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:40 0:00

Барномаи омӯзишии "Болашак" дар Қазоқистон аз ду ҳамкори рӯзноманигор ва муҷрии пешини телевизиони "24.KZ" Валерия Гавриленко талаб дорад, ки пули таҳсили ахириро дар хориҷ пардозанд.

Гавриленко соли 2016 аз ҳисобибарномаи "Болашака" барои таҳсил ба Бритониё фиристода шудааст. Аммо ӯ баъди чанд соли омӯзиш дар Бритониё аз ҳудадориҳои худ даст кашида, ба ватан барнагаштааст.

"Болашак" дар посух ду хонаи Гавриленкоро дар Қазоқистон, ки дар гарави барнома буданд, ба ҳабс гирифтааст. Вале Гавриленко соли 2019 ба ватан баргашта, қарори ҳабси хонаҳояш ҳам бекор карда мешавад.

Баҳси пардохти пули таҳсил баъди иваз шудани раҳбарияти барнома дубора сар зада, ҳоло аз ду ҳамкори рӯзноманигор - Наталя Воробева ва Макпал Дарибаева талаб мешавад, ки ҳудуди 70 ҳазор доллар пули таҳсилро пардозанд.

Масъулони барнома мегӯянд, рӯзноманигор бо кафолати Наталя Воробева ва Макпал Дарибаева барои таҳсил ба хориҷ фиристода шуда буд ва ӯ баъди хатм бояд баргашта, дар идораҳои давлатӣ кор мекард.

XS
SM
MD
LG