Ссылки доступа

Корпартоии расонаҳо дар Сенегал зидди фишори мақомот


Выставка в Сенегале
Выставка в Сенегале

Рӯзи сешанбеи 13 август рсонаҳо дар Сенегал зидди "фишори чандҷониба"-и мақомот ба матбуот коршиканӣ карданд.

Телевизион ва радиоҳо барнома пахш накарданд, нашрияҳо, ба истиснои расонаҳои рӯ ба ҳукумат, нашр нашуданд. Пештар ду нашрияи варзишӣ ба далели мушкилиҳои молӣ аз чоп боз монданд. Ҳафт нашрияи мустақили дигарро хатари басташавӣ таҳдид мекунад.

Шӯрои сенегалии расонаҳо гуфт, ки мақомот суратҳисобҳои бонкии расонаҳои мустақилро баста, дастгоҳҳояшонро мусодира ва якҷониба шартномаҳои таблиғотиро бекор кардаанд.

Бино ба шохиси озодии расонаҳо, ки онро "Хабарнигорони бидуни марз" тартиб медиҳад, дар чаҳор соли охир мақоми Сенегал ду баробар пойин омадааст: ин кишвар аз мақоми 47 ба мақоми 94 расидааст. "Рӯзноманигорон ҳангоми иҷрои рисолат ба таври бояду шояд муҳофизат намешаванд ва сиёсатмадорон дар ин маврид нақши худро иҷро намекунанд", - омадааст дар изҳороти ин созмон.

XS
SM
MD
LG