Ссылки доступа

Додгоҳи Русия падар ва ду писари ӯро ба ҳабс маҳкум кард


Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав рӯзи 25-уми март номи се гумонбари дигарро дар ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" эълон кард: Аминҷон Исломов; Диловар Исломов ва Исроил Исломов.

Номи падарии ду нафари онҳо "Исроилович" аст. Додгоҳ муносибати хешутабории ин се нафарро шарҳ надод, вале расонаҳои Русия гуфтанд Аминҷон ва Диловар писарони Исроил Исломови 62-солаанд. Ҳарсеи онҳо дар кӯмак ба терроризм гунаҳкор дониста, зиндонӣ шуданд. Аммо ҳарсе ин айбномаро рад карданд.

Исроил Исломов панҷ фарзанд дошта, Аминҷон 33-сола, ба гуфтаи мақомоти Русия, охирин соҳибмулки мошине будааст, ки дар ҳамла ба тороли консертӣ истифода шудааст. Мошинро ба гумонбарони терроримзм бародар ӯ Диловари 24-сола фурӯхтааст. Аминҷон шаҳрванди Русия аст.

Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав шаби 24-уми март Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзовро ба ҳабси пешакӣ гирифт. Онҳо ба иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи маргбор дастгир шудаанд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, дида мешавад, ки онҳо шадидан латукӯб шудаанд ва осори ҷароҳат дар сару рӯяшон мондааст.

Дафтари матбуоти Додгоҳ гуфт, ки онҳо айбномаро пазируфтанд. Азбаски мурофиа паси дарҳои баста гузашт, ҷузъиёти он дастрас нест. Ҳамзамон дар мавриди даст доштани онҳо дар ҳамлаи маргбор суолҳо зиёд аст.

Рӯзи 22-юми март чор марди мусаллаҳ ба толори консертии маҷмааи “Крокус Сити Ҳолл” дар канори Маскав ҳамла карданд.

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ бо нашри видео ҳамларо кори пайравонаш номид, вале президенти Русия онро ба Украина пайванд дод.

Теъдоди қурбониёни ин ҳамла ба 137 нафар расидааст. Тақрибан дусад кас захмӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG