Ссылки доступа

Мадумаров дар хиёнат ба давлат гунаҳкор эълом, вале аз толори додгоҳ озод шуд


Адахан Мадумаров
Адахан Мадумаров

Додгоҳи ноҳияи Якуми шаҳри Бишкек вакили порлумон ва раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон" Адахан Мадумаровро дар хиёнат ба давлат айбдор донист.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки Мадумаров ба далели сипарӣ шудани муҳлати эътибор аз толори додгоҳ озод карда шудааст.

Муҳокимаи парвандаи Мадумаров пушти дарҳои баста сурат гирифт.

Раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон"-ро рӯзи 2 сентябри соли 2023 неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар Бишкек боздошт карданд.

Вакили дифои сиёсатмадор Гуляна Убалиева гуфт, ки Мадумаров дар "хиёнат ба давлат" муттаҳам мешавад. Убалиева тасдиқ кард, парванда ба санади марбут ба қитъаи Торт-Кочо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рабт дорад, ки Адахон Мадумаров дар замони котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буданаш дар соли 2009 имзо кардааст. Мадумаров худро бегуноҳ ва парвандаашро "сиёсӣ" меномад.

XS
SM
MD
LG