Ссылки доступа

Муҳлати хидмати онҳое, ки шиносномаи русӣ гирифтаанд, дарозтар мешавад


Думаи давлатии Русия имкони то ду сол зиёд кардани муҳлати хидмати ҳарбии онҳоеро, ки шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кардаанд, баррасӣ мекунад.

Телеграм-канали палатаи поёнии порлумони Русия ҳамчунин иттилоъ дода, ки боло бурдани синни даъвати ин гуруҳи шаҳрвандон низ пешниҳод шудааст.

Интизор меравад, тағйироти пешниҳодӣ то 5 августи соли равон баррасӣ карда шавад.

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин пешниҳод кардааст, ки дар робита ба қайди муҳоҷирон дар комиссариатҳои ҳарбӣ низ тағйиру иловаҳо таҳия карда шавад. Зоҳиран як шарти дарёфти шаҳрвандии Русия гузоштани худ дар қайди комиссиариатҳои ҳарбии он кишвар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG