Ссылки доступа

Муҳокимаи президенти пешини ИМА дар додгоҳ шуруъ шуд


Дар шаҳри Ню-Йорки ИМА рӯзи 15 апрел бори аввал дар таърихи додгоҳии он кишвар президенти пешинро муҳокима мекунанд.

Доналд Трамп, президенти пешин ва ҳам акнун довталаби курсии президентии ИМА-ро дар додгоҳи ҷиноӣ муҳокима мекунанд. Трамп, бо вуҷуди он ки ба бегуноҳиаш исрор меварзад, дар додгоҳ ҳозир шуд.

Ӯро дар харҷи ғайриқонунии маблағҳое айбдор мекунанд, ки барои маъракаи интихоботии соли 2016 ҷамъ оварда буд. Ба илова, Трамп дар тақаллуби аснод – дар маҷмуъ бар асоси 34 ҳолат айбдор мешавад.

Як сол пеш додситонии Манхэттен Трампро дар тақаллуби аснод, бо ҳадафи пинҳон доштани пардохти 130 ҳазор доллари маъракаи интихоботӣ ба ҳунарпешаи филмҳои шаҳвонӣ Сторми Дэниэлс айбдор карда буд. Дэниэлс гуфта буд, ки бо Трамп робитаҳои маҳрамона дошт ва таҳдид кард, ки дар маъракаи интихоботӣ фошгӯӣ хоҳад кард.

Додситонӣ гуфт, Трамп 130 ҳазор долларро барои бастани даҳони Дэниэлс пардохтааст. Аммо президенти пешини ИМА ин маблағро дар санадҳо харҷи пардохти хадамоти ҳуқуқӣ нишон додааст. Трамп доштани робитаро бо ҳунарпешаи филмҳои шаҳвонӣ ва харҷи ғайриқонунии маблағҳои маъракаи интихоботӣ рад мекунад.

Дар маҷмуъ нисбати Трамп чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вай аз ҷумла дар талоши бекор кардани натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020, муносибати ғайриқонунӣ бо санадҳои махфӣ айбдор мешавад.

Аз рӯи ин айбҳо Трампро то 20 сол зиндон таҳдид мекунад. Ҳукми шартӣ ҳам имкон дорад. Трамп мегӯяд, комилан бегуноҳ аст ва дар додгоҳ шаҳодат медиҳад.

XS
SM
MD
LG