Маълумоти "Росстат" нишон медиҳад, то соли гузашта 560,4 ҳазор кас ба Русия сафар кардааст, ки нисбат ба соли аввали ҷанг 23% камтар мебошад. Соли 2022 730 ҳазор кас ба Русия рафтааст.
Сеяки ин афрод аз Тоҷикистон, 10% аз Қирғизистон, 9-дарсадӣ аз Украина, Арманистону Қазоқистон ва 4% аз Узбекистон ба Русия сафар кардаанд. Ҳамчунин аз Қирғизистон, Белорус, Чин, Туркманистон, Ҳиндустон ва кишварҳои дигар низ муҳоҷирон ба Русия мераванд.
55%-и онҳое, ки соли 2023 ба Русия рафтаанд, мардон мебошанд. Бештари ин афрод (76%) қобилияти корӣ доштаанд.
Аз ҳама бештар, 57%-и муҳоҷиронро вилоятҳои Маскаву Тюмен ва Ханти-Мансийски худмухтори Русия қабул кардаанд.
Расонаҳо қаблан хабар доданд, вилояти Тюмен 14-умин минтақаи Русия шуд, ки фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд кард. Ҳамакнун муҳоҷирон дигар ҳақ надоранд, ки дар 20 соҳаи ин вилоят, аз ҷумла таксиронӣ, таҳияи ғизои ом, савдо, варзиш, маориф, меҳмонхона ва интихоби кадрҳо кор кунанд.