Вазорати адлияи ИМА хабар дод, ки додгоҳи ҳакамӣ рӯзи панҷшанбе сокинони Сент-Луис Омалӣ Йешителуи 82-сола, Пенни Ҳесси 78-сола, Ҷесси Невели 34-сола ва сокини Атлантаи Амрико Август Романии 38-соларо дар анҷоми амалҳои ғайриқонунӣ ба нафъи ҳукумати Русия гунаҳкор донист.
Маҳкумшудагон гӯиё "аз соли 2015 то моҳи июли соли 2022 дар ҳудуди Амрико ба нафъи Кремл кор кардаанд".
Ба иттилои вазорат, ин чаҳор нафар бо раҳбари Ҷунбиши зиддиҷаҳонишавии Русия Александр Ионов робита доштаанд.
Ионов чандин сол мешавад, бо ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия ҳамкорӣ ва фармонҳо аз Хадамоти ҳифзи сохти конститутсиониву мубориза бо терроризмро иҷро мекунад. Дастгирии пинҳонии ҳаракатҳои сиёсии Амрико ва Мария Бутина, русиягие, ки дар ИМА барои ҷосусӣ маҳкум шуда буд, аз зумраи фармонҳои мазкур ба ҳисоб мераванд.