Ссылки доступа

Дар Бритониё хонаводаи шореҳи Би-би-сиро куштаанд


Ҳамсар ва ду духтари шореҳи Би-би-сӣ Ҷон Ҳант дар манзили зисташон дар шаҳри Лондон бо силоҳи шикорӣ кушта шудаанд.

Бино ба хабарҳо, ҳамсари шореҳ 61, духтаронаш 25 ва 28-сола буданд.

Пулис Кайл Клиффорди 26-соларо бо гумони даст доштан дар ин куштор ҷустуҷӯ мекунад. Муфаттишон бар инанд, ки кушторҳо ҳадафмандона анҷом шуда, эҳтимол қотил аз силоҳи дигар низ истифода карда бошад. Сабабҳои куштор дар ҳоли ҳозир маълум нестанд.

Би-би-сӣ навиштааст, ки Вазорати корҳои дохилии Бритониё пурзӯр кардани назорати силоҳҳои шикориро баррасӣ мекунад. Ба иттилои вазорат, аз соли 2011 то соли 2021 ҳудуди 10 кас бо силоҳи шикорӣ кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG