Ссылки доступа

Сеул баъди созиши Маскаву Пхенян ба Украина силоҳ доданист


Куриёи Ҷанубӣ баъди имзои созишномаи ҳамкориву дифоӣ миёни Русия ва Куриёи Шимолӣ интиқоли силоҳро ба Украина баррасӣ мекунад.

Дар ин бора хабаргузории "Рёнхап" бо истинод ба мушовири амнияти миллии Куриёи Ҷанубӣ Чан Хо Чжин иттилоъ додааст. "Ҳукумат сахт нигарон аст ва имзои созишномаро маҳкум мекунад", - изҳор доштааст Чан.

Ба гуфтаи ӯ, ҳама гуна ҳамкорие, ки ба тақвияти низомии Куриёи Шимолӣ мусоидат мекунад, хилофи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ аст.

Куриёи Ҷанубӣ яке аз бузургтарин содиркунандагони силоҳ дар дунё аст, вале то ҳол ба Украина аслиҳа нафурӯхтааст. Президенти Русия Владимир Путин чанде қабл гуфт, дар ҳамкориҳои ду кишвар ин кори Сеулро қадр мекунад. Як қатор расонаҳо навиштанд, ки эҳтимол тирҳои Куриёи Ҷанубӣ ба Амрико интиқол ёбанд ва Вашингтон дар навбати худ онҳоро ба Украина диҳад.

XS
SM
MD
LG