Ссылки доступа

Дар бонкҳои Қазоқистон баъди нашри маълумоти шахсии шаҳрвандон санҷиш мегузаронанд


Интизор меравад, дар бонкҳои Қазоқистон дар робита ба маълумоти шахсии шаҳрвандон санҷиш гузаронида шавад.

Вазорати рушди рақамии Қазоқистон ба қоидаҳо дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ тағйирот ворид кардааст. Бар асоси он, моликон ва операторҳо бояд дасти кам дар як сол як маротиба санҷиши амнияти иттилоотӣ гузаронанд.

Маълумоти шахсии шаҳрвандон, ки дар манбаъҳои электронии иттилоотӣ ҳастанд, бояд дар серверҳо ё маркази додаҳо дар ҳудуди Қазоқистон нигаҳдорӣ шаванд.

Дастраси умум шудани маълумоти шахсии шаҳрвандони Қазоқистон солҳои ахир ба як мушкили воқеӣ дар он кишвар табдил ёфтааст.

Маркази таҳлил ва таҳқиқи ҳамлаҳои киберӣ (TSARKA) ахиран хабар дод, ки маълумоти шахсии шаҳрвандони Қазоқистон дубора дастраси умум шудааст.

Дар марказ гуфтанд, ки маълумоти шахсии қазоқистониҳо то моҳи 29 ноябри соли 2022, аз ҷумла ID-и корбарон, рамзҳо ва паёмҳои хусусӣ расонаӣ гаштааст.

XS
SM
MD
LG